• Аслӣ
  • Минбари озод
  • Хадамоти веб сайт

Муҳтавои пойгоҳ

  • Сафҳаи аслӣ
  • Матн
  • Тарҷума
  • Тафсир
  • Тиловат
  • Мақолот





 
 

Сураи Нисо (1) PDF Print E-mail
Written by Administrator   
Tuesday, 05 May 2009 12:08

Сураи Нисо

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 176 оят дорад.

Дар ин сафҳа: оятҳои 1 ̵ 10

بِسْمِ اللهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُواْ رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُم مِّن نَّفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالاً كَثِيرًا وَنِسَاء وَاتَّقُواْ اللّهَ الَّذِي تَسَاءلُونَ بِهِ وَالأَرْحَامَ إِنَّ اللّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا

4.1. Эй мардум! Аз (мухолифати) Парвардигортон бипарҳезед. Ҳамон касе, ки ҳамаи шуморо аз як инсон офарид ва ҳамсари ӯро (низ) аз ҷинси ӯ халқ кард ва аз он ду мардону занони фаровоне (дар рўи замин) мунташир сохт. Ва аз Худое бипарҳезед, ки (ҳамагӣ ба азамати ӯ эътироф доред ва) вақте, ки чизе аз якдигар мехоҳед, номи Ўро мебаред. (Ва низ) аз (қатъи робита бо) хешовандони худ парҳез кунед. Зеро Худованд муроқиби шумост.


وَآتُواْ الْيَتَامَى أَمْوَالَهُمْ وَلاَ تَتَبَدَّلُواْ الْخَبِيثَ بِالطَّيِّبِ وَلاَ تَأْكُلُواْ أَمْوَالَهُمْ إِلَى أَمْوَالِكُمْ إِنَّهُ كَانَ حُوبًا كَبِيرًا

4.2. Ва амволи ятимонро (ҳангоме, ки ба ҳадди рушд расиданд), ба онҳо баргардонед. Ва амволи беарзиши худро бо амволи арзишманди онҳо иваз накунед. Ва амволи ононро ҳамроҳи амволи худатон нахӯред, зеро ин гуноҳи бузург аст.


وَإِنْ خِفْتُمْ أَلاَّ تُقْسِطُواْ فِي الْيَتَامَى فَانكِحُواْ مَا طَابَ لَكُم مِّنَ النِّسَاء مَثْنَى وَثُلاَثَ وَرُبَاعَ فَإِنْ خِفْتُمْ أَلاَّ تَعْدِلُواْ فَوَاحِدَةً أَوْ مَا مَلَكَتْ أَيْمَانُكُمْ ذَلِكَ أَدْنَى أَلاَّ تَعُولُوا

4.3. Ва агар метарсед, ки (наметавонед) адолатро риоят кунед, (аз издивоҷ ба онҳо чашмпӯшӣ кунед ва) бо занони пок (-и дигар) издивоҷ намоед, ду ё се ё чаҳор ҳамсар. Ва агар аз анҷом надодани адолат байни онҳо метарсед, танҳо як ҳамсар бигиред ва ё аз канизонатон истифода кунед. Ин кор барои пешгирӣ аз зулм, беҳтар аст.


وَآتُواْ النَّسَاء صَدُقَاتِهِنَّ نِحْلَةً فَإِن طِبْنَ لَكُمْ عَن شَيْءٍ مِّنْهُ نَفْسًا فَكُلُوهُ هَنِيئًا مَّرِيئًا

4.4. Ва маҳри занонро ба унвони ҳаққи ҳалоли онҳо бипардорзед, (вале) агар онҳо чизеро аз маҳр бо ризояти хотир ба шумо бибахшанд, ҳалолу гуворо сарф кунед.


وَلاَ تُؤْتُواْ السُّفَهَاء أَمْوَالَكُمُ الَّتِي جَعَلَ اللّهُ لَكُمْ قِيَاماً وَارْزُقُوهُمْ فِيهَا وَاكْسُوهُمْ وَقُولُواْ لَهُمْ قَوْلاً مَّعْرُوفًا

4.5. Дороии худро, ки Худованд сармояи зиндагии шумо қарор додааст, ба дасти камхирадон насупоред ва хӯрок ва пӯшоки онҳоро аз моли худашон таҳия кунед ва ба онҳо сухани шоиста бигӯед.


وَابْتَلُواْ الْيَتَامَى حَتَّىَ إِذَا بَلَغُواْ النِّكَاحَ فَإِنْ آنَسْتُم مِّنْهُمْ رُشْدًا فَادْفَعُواْ إِلَيْهِمْ أَمْوَالَهُمْ وَلاَ تَأْكُلُوهَا إِسْرَافًا وَبِدَارًا أَن يَكْبَرُواْ وَمَن كَانَ غَنِيًّا فَلْيَسْتَعْفِفْ وَمَن كَانَ فَقِيرًا فَلْيَأْكُلْ بِالْمَعْرُوفِ فَإِذَا دَفَعْتُمْ إِلَيْهِمْ أَمْوَالَهُمْ فَأَشْهِدُواْ عَلَيْهِمْ وَكَفَى بِاللّهِ حَسِيبًا

4.6. Ва ятимонро чун ба ҳадди булуғ бирасанд, биёзмоед, агар дидед, ки соҳиби ақл шуданд, дороияшонро ба онҳо бидиҳед. Ва пеш аз он ки бузург шаванд, дороии онҳоро исроф накунед. Ҳар кас, ки бениёз аст, (ба моли онҳо) даст назанад ва он кас, ки ниёзманд аст, ба риояи инсоф аз он бихӯрад. Ва ҳангоме, ки дороияшонро ба онҳо бозмегардонед, шоҳид бигиред, (агар чӣ) Худованд барои ҳисобу китоб кофӣ аст.


لِّلرِّجَالِ نَصيِبٌ مِّمَّا تَرَكَ الْوَالِدَانِ وَالأَقْرَبُونَ وَلِلنِّسَاء نَصِيبٌ مِّمَّا تَرَكَ الْوَالِدَانِ وَالأَقْرَبُونَ مِمَّا قَلَّ مِنْهُ أَوْ كَثُرَ نَصِيبًا مَّفْرُوضًا

4.7. Барои мардон аз он чи падар ва модар ва хешовандон мерос мегузоранд, насибест ва барои занон низ, аз он чи падар ва модар ва хешовандон (мерос) мегузоранд, насибест, хоҳ он мол кам бошад ё зиёд, ин насибест таъйиншуда ва пардохтанӣ.


وَإِذَا حَضَرَ الْقِسْمَةَ أُوْلُواْ الْقُرْبَى وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينُ فَارْزُقُوهُم مِّنْهُ وَقُولُواْ لَهُمْ قَوْلاً مَّعْرُوفًا

4.8. Ва агар дар ҳангоми тақсими (мерос) хешовандон ва ятимону мустамандон ҳузур дошта бошанд, чизе аз он мерос ба онҳо бидиҳед ва бо онҳо ба таври шоиста сухан бигӯед.


وَلْيَخْشَ الَّذِينَ لَوْ تَرَكُواْ مِنْ خَلْفِهِمْ ذُرِّيَّةً ضِعَافًا خَافُواْ عَلَيْهِمْ فَلْيَتَّقُوا اللّهَ وَلْيَقُولُواْ قَوْلاً سَدِيدًا

4.9. Касоне, ки агар фарзанди нотавоне аз худ ба ёдгор бигузоранд, аз ояндаи онҳо нигаронанд, бояд (аз ситам кардан ба ятимони мардум) битарсанд! Аз (мухолифти) Худо бипарҳезанд ва сухани шоиста бигӯянд.


إِنَّ الَّذِينَ يَأْكُلُونَ أَمْوَالَ الْيَتَامَى ظُلْمًا إِنَّمَا يَأْكُلُونَ فِي بُطُونِهِمْ نَارًا وَسَيَصْلَوْنَ سَعِيرًا

4.10. Касоне, ки амволи ятимонро аз рӯи зулм ва ситам мехӯранд, ҷуз ин нест, ки дар шикамашон оташ мехӯранд ва ба зудӣ дар шӯълаҳои оташин месӯзанд.


1  2  3  4  5  6  7  8  9  10  11  12  13  14  15  16  17  18

Last Updated on Tuesday, 05 May 2009 12:30
 
 

Хонданиҳо

  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya

Таблиғот