• Аслӣ
  • Минбари озод
  • Хадамоти веб сайт

Муҳтавои пойгоҳ

  • Сафҳаи аслӣ
  • Матн
  • Тарҷума
  • Тафсир
  • Тиловат
  • Мақолот





 
 

Сураи Оли Имрон (1) PDF Print E-mail
Written by Administrator   
Tuesday, 05 May 2009 11:26

Сураи Оли Имрон

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 200 оят дорад.

Дар ин сафҳа: оятҳои 1-10

بِسْمِ اللهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ

الم

3.1. Алиф, лом, мим. (Ин ҳарфҳо рамзи илоҳист!).


اللّهُ لا إِلَـهَ إِلاَّ هُوَ الْحَيُّ الْقَيُّومُ

3.2. Маъбуде ғайр аз Худованди ягона, зинда ва пойдор ва нигаҳдоранда нест.


نَزَّلَ عَلَيْكَ الْكِتَابَ بِالْحَقِّ مُصَدِّقاً لِّمَا بَيْنَ يَدَيْهِ وَأَنزَلَ التَّوْرَاةَ وَالإِنجِيلَ

3.3. (Худое, ки) китобро ба ростӣ бар ту нозил кард, ки бо китобҳои гузашта ҳамоҳанг аст, ва нозил кард «Таврот» ва «Инҷил» -ро.


مِن قَبْلُ هُدًى لِّلنَّاسِ وَأَنزَلَ الْفُرْقَانَ إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُواْ بِآيَاتِ اللّهِ لَهُمْ عَذَابٌ شَدِيدٌ وَاللّهُ عَزِيزٌ ذُو انتِقَامٍ

3.4. Пеш аз он барои ҳидояти мардум (фиристод) ва (низ) китобе, ки ҳақро аз ботил мушаххас месозад, нозил кард. Касоне, ки ба оёти Худо кофир шуданд азоби сахте доранд ва Худованд (барои кайфари бадкорон ва кофирони саркаш) тавоно ва соҳибинтиқом аст.


إِنَّ اللّهَ لاَ يَخْفَىَ عَلَيْهِ شَيْءٌ فِي الأَرْضِ وَلاَ فِي السَّمَاء

3.5. Ҳеҷ чиз дар осмону замин бар Худо пӯшида намемонад. (Бинобар ин тадбири онҳо бар Ӯ мушкил нест).


هُوَ الَّذِي يُصَوِّرُكُمْ فِي الأَرْحَامِ كَيْفَ يَشَاء لاَ إِلَـهَ إِلاَّ هُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ

3.6. Ӯ касест, ки шуморо дар раҳим (-и модарон) он чунон, ки мехоҳад, тасвир мекунад. Маъбуде ғайр аз Худованди тавоно ва ҳаким нест.


هُوَ الَّذِيَ أَنزَلَ عَلَيْكَ الْكِتَابَ مِنْهُ آيَاتٌ مُّحْكَمَاتٌ هُنَّ أُمُّ الْكِتَابِ وَأُخَرُ مُتَشَابِهَاتٌ فَأَمَّا الَّذِينَ في قُلُوبِهِمْ زَيْغٌ فَيَتَّبِعُونَ مَا تَشَابَهَ مِنْهُ ابْتِغَاء الْفِتْنَةِ وَابْتِغَاء تَأْوِيلِهِ وَمَا يَعْلَمُ تَأْوِيلَهُ إِلاَّ اللّهُ وَالرَّاسِخُونَ فِي الْعِلْمِ يَقُولُونَ آمَنَّا بِهِ كُلٌّ مِّنْ عِندِ رَبِّنَا وَمَا يَذَّكَّرُ إِلاَّ أُوْلُواْ الألْبَابِ

3.7. Ӯ касест, ки ин китоб (-и осмонӣ)-ро бар ту нозил кард, ки қисмате аз он оятҳои «Мӯҳкам» (равшан ва ошкор) аст, ки асоси ин китоб мебошад. Ва қисмате аз он «Муташобеҳ» аст. (Оятҳое, ки эҳтимолоти гуногуне дар маънои онҳо меравад). Аммо онҳо ки дар дилҳояшон каҷравӣ аст, ба дунболи (оятҳои) муташобеҳанд, то фитнаангезӣ кунанд (ва мардумро гумроҳ созанд) ва тафсир (-и нодурсте) барои он металабанд, дар ҳоле ки тафсири онҳоро ғайр аз Худо ва олимони барҷаста намедонанд. Онҳо мегӯянд: «Мо ба ҳамаи он имон овардем, ҳама аз тарафи Парвардигори мост». Ва ғайр аз соҳибони ақл мутазаккир намешаванд (ва ин ҳақиқатро дарк намекунанд).


رَبَّنَا لاَ تُزِغْ قُلُوبَنَا بَعْدَ إِذْ هَدَيْتَنَا وَهَبْ لَنَا مِن لَّدُنكَ رَحْمَةً إِنَّكَ أَنتَ الْوَهَّابُ

3.8. (Онҳо мегӯянд:) «Парвардигоро! Пас аз он ки моро ҳидоят кардӣ, дилҳои моро (аз роҳи ҳақ) гумроҳ магардон! Ва аз сӯи худ моро шомили раҳмат кун, зеро Ту бахшандаӣ!


رَبَّنَا إِنَّكَ جَامِعُ النَّاسِ لِيَوْمٍ لاَّ رَيْبَ فِيهِ إِنَّ اللّهَ لاَ يُخْلِفُ الْمِيعَادَ

3.9. Парвардигоро! Ту мардумро барои рӯзе, ки шакке дар он нест, ҷамъ хоҳӣ кард, зеро Худованд аз ваъдаи худ тахаллуф намекунад.


إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُواْ لَن تُغْنِيَ عَنْهُمْ أَمْوَالُهُمْ وَلاَ أَوْلاَدُهُم مِّنَ اللّهِ شَيْئًا وَأُولَـئِكَ هُمْ وَقُودُ النَّارِ

3.10. Касоне, ки кофир шуданд, мол ва фарзандони онҳо наметавонад онҳоро аз (азоби) Худованд нигаҳ дорад (ва аз кайфар раҳоӣ бахшад). Ва онон худ оташгираи дӯзаханд.


1  2  3  4  5  6  7  8  9  10  11  12  13  14  15  16  17  18  19  20

Last Updated on Tuesday, 05 May 2009 11:53
 
 

Хонданиҳо

  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya

Таблиғот