• Аслӣ
  • Минбари озод
  • Хадамоти веб сайт

Муҳтавои пойгоҳ

  • Сафҳаи аслӣ
  • Матн
  • Тарҷума
  • Тафсир
  • Тиловат
  • Мақолот





 
 

Сураи Наҳл (1) PDF Print E-mail
Written by Administrator   
Tuesday, 26 May 2009 20:07

Сураи Наҳл

Ин сура 128 оят дорад, қисмате аз он дар Макка ва қисмате дар Мадина нозил гардидааст.

Дар ин сафҳа: оятҳои 1-10

بسم الله الرحمن الرحيم

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

أَتَى أَمْرُ اللّهِ فَلاَ تَسْتَعْجِلُوهُ سُبْحَانَهُ وَتَعَالَى عَمَّا يُشْرِكُونَ

16.1. Фармони Худо, бешак фаро мерасад, барои он шитоб накунед! Худованд, аз он чи ҳамтои Ӯ қарор медиҳанд, пок аст.


يُنَزِّلُ الْمَلآئِكَةَ بِالْرُّوحِ مِنْ أَمْرِهِ عَلَى مَن يَشَاء مِنْ عِبَادِهِ أَنْ أَنذِرُواْ أَنَّهُ لاَ إِلَـهَ إِلاَّ أَنَاْ فَاتَّقُونِ

16.2. Фариштагонро ҳамроҳи рӯҳ, бар ҳар кас аз бандагонаш бихоҳад, бо дастураш нозил мекунад, ки ба мардум бим диҳед (ва бигӯед:) Маъбуде ҷуз Ман нест, аз Ман бипарҳезед!


خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ بِالْحَقِّ تَعَالَى عَمَّا يُشْرِكُونَ

16.3. Осмонҳо ва заминро ба ростӣ офарид, Ӯ аз ин ки барои Ӯ ҳамтое қарор диҳанд, бартар аст!


خَلَقَ الإِنسَانَ مِن نُّطْفَةٍ فَإِذَا هُوَ خَصِيمٌ مُّبِينٌ

16.4. Инсонро аз қатраи ночиз офарид, сипас ӯ ба хасм ва душмани ошкор табдил шуд.


وَالأَنْعَامَ خَلَقَهَا لَكُمْ فِيهَا دِفْءٌ وَمَنَافِعُ وَمِنْهَا تَأْكُلُونَ

16.5. Ва барои манфиати шумо, чорпоёнро офарид, ки дар онҳо барои шумо либосҳо ва фоидаҳои дигаре аст. Ва аз гӯшти онҳо мехӯред.


وَلَكُمْ فِيهَا جَمَالٌ حِينَ تُرِيحُونَ وَحِينَ تَسْرَحُونَ

16.6. Ва дар онҳо барои шумо ороиш ва ифтихор аст, ҳангоме, ки онҳоро ба истироҳатгоҳашон боз мегардонед ва ҳангоме, ки (субҳгоҳон) ба саҳро мефиристед.


وَتَحْمِلُ أَثْقَالَكُمْ إِلَى بَلَدٍ لَّمْ تَكُونُواْ بَالِغِيهِ إِلاَّ بِشِقِّ الأَنفُسِ إِنَّ رَبَّكُمْ لَرَؤُوفٌ رَّحِيمٌ

16.7. Онҳо борҳои вазнини шуморо аз шаҳр ба шаҳр ҳамл мекунанд, ки (агар чорпоён набуд), дучори машаққати зиёд мешудед. Парвардигоратон меҳрубон ва раҳим аст.


وَالْخَيْلَ وَالْبِغَالَ وَالْحَمِيرَ لِتَرْكَبُوهَا وَزِينَةً وَيَخْلُقُ مَا لاَ تَعْلَمُونَ

16.8. (Ҳамчунин) асбҳо, хачирҳо ва харҳоро офарид, то бар онҳо савор шавед ва боиси таҷаммулоти шумо бошад. Ва чизҳоеро хоҳад офарид, ки ҳоло намедонед.


وَعَلَى اللّهِ قَصْدُ السَّبِيلِ وَمِنْهَا جَآئِرٌ وَلَوْ شَاء لَهَدَاكُمْ أَجْمَعِينَ

16.9. Ва бар Худост, ки роҳи ростро (ба бандагон) нишон диҳад, аммо баъзе аз роҳҳо бероҳа аст. Ва агар Худо бихоҳад, ҳамаи шуморо ҳидоят мекунад.


هُوَ الَّذِي أَنزَلَ مِنَ السَّمَاء مَاء لَّكُم مِّنْهُ شَرَابٌ وَمِنْهُ شَجَرٌ فِيهِ تُسِيمُونَ

16.10. Ӯ зотест, ки аз осмон, обе фиристод, ки нӯшидании шумо аз он аст. Ва (ҳамчунин) аз он об гиёҳон ва дарахтоне, ки ҳайвоноти худро дар он ба чаридан мебаред, офарид.


1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11   12   13

Last Updated on Tuesday, 26 May 2009 20:24
 
 

Хонданиҳо

  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya

Таблиғот