• Аслӣ
  • Минбари озод
  • Хадамоти веб сайт

Муҳтавои пойгоҳ

  • Сафҳаи аслӣ
  • Матн
  • Тарҷума
  • Тафсир
  • Тиловат
  • Мақолот





 
 

Сураи Ҳиҷр (1) PDF Print E-mail
Written by Administrator   
Tuesday, 26 May 2009 19:50

Сураи Ҳиҷр

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 99 оят дорад.

Дар ин сафҳа: оятҳои 1-10

بسم الله الرحمن الرحيم

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

الَرَ تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ وَقُرْآنٍ مُّبِينٍ

15.1. Алиф, Лом, Ро. Ин оятҳои китоб ва Қуръони мубин аст.


رُّبَمَا يَوَدُّ الَّذِينَ كَفَرُواْ لَوْ كَانُواْ مُسْلِمِينَ

15.2. Кофирон (ҳангоме, ки асарҳои шуми амалҳои худро бубинанд), чӣ басо орзу мекунанд, ки эй кош мусулмон буданд!


ذَرْهُمْ يَأْكُلُواْ وَيَتَمَتَّعُواْ وَيُلْهِهِمُ الأَمَلُ فَسَوْفَ يَعْلَمُونَ

15.3. Бигузор онҳо бихӯранд ва лаззат баранд ва орзуҳо онҳоро ғофил созад, вале ба зудӣ хоҳанд фаҳмид!


وَمَا أَهْلَكْنَا مِن قَرْيَةٍ إِلاَّ وَلَهَا كِتَابٌ مَّعْلُومٌ

15.4. Мо аҳли ҳеҷ шаҳру диёреро ҳалок накардем, магар ин ки мӯҳлати муайян доштанд.


مَّا تَسْبِقُ مِنْ أُمَّةٍ أَجَلَهَا وَمَا يَسْتَأْخِرُونَ

15.5. Ҳеҷ гурӯҳе аз замони худ пешӣ намегирад ва аз он ақиб нахоҳад афтод.


وَقَالُواْ يَا أَيُّهَا الَّذِي نُزِّلَ عَلَيْهِ الذِّكْرُ إِنَّكَ لَمَجْنُونٌ

15.6. Ва гуфтанд: «Эй касе, ки «Зикр» (Қуръон) бар ӯ нозил шудааст, ҳатман ту девонаӣ!


لَّوْ مَا تَأْتِينَا بِالْمَلائِكَةِ إِن كُنتَ مِنَ الصَّادِقِينَ

15.7. Агар рост мегӯӣ, чаро фариштагонро назди мо намеоварӣ, (ки азоб намоянд?!)».


مَا نُنَزِّلُ الْمَلائِكَةَ إِلاَّ بِالحَقِّ وَمَا كَانُواْ إِذًا مُّنظَرِينَ

15.8. (Аммо инҳо бояд бидонанд), мо фариштагонро, ҷуз ба ростӣ нозил намекунем. Ва ҳар гоҳ нозил шаванд, дигар ба инҳо мӯҳлат дода намешавад!


إِنَّا نَحْنُ نَزَّلْنَا الذِّكْرَ وَإِنَّا لَهُ لَحَافِظُونَ

15.9. Мо Қуръонро нозил кардем ва мо ба таври ҳатмӣ нигаҳдори он ҳастем.


وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مِن قَبْلِكَ فِي شِيَعِ الأَوَّلِينَ

15.10. Мо пеш аз ту (низ) пайғамбаронеро дар миёни умматҳои нахустин фиристодем.


1   2   3   4   5   6   7   8   9   10

Last Updated on Tuesday, 26 May 2009 20:03
 
 

Хонданиҳо

  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya

Таблиғот