|
Сураи Иброҳим Ин сура 52 оят дорад ва ба истиснои оятҳои 28 ва 29 дар Макка нозил шудааст. Дар ин сафҳа: оятҳои 1-10 بسم الله الرحمن الرحيم Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар الَر كِتَابٌ أَنزَلْنَاهُ إِلَيْكَ لِتُخْرِجَ النَّاسَ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ بِإِذْنِ رَبِّهِمْ إِلَى صِرَاطِ الْعَزِيزِ الْحَمِيدِ 14.1. Алиф, Лом, Ро. (Ин) китобест, ки бар ту нозил кардем, то мардумро ба фармони Парвардигорашон аз торикиҳо ба сӯи равшаноӣ барорӣ. Ба сӯи роҳи Худованди тавонои сутуда. اللّهِ الَّذِي لَهُ مَا فِي السَّمَاوَاتِ وَمَا فِي الأَرْضِ وَوَيْلٌ لِّلْكَافِرِينَ مِنْ عَذَابٍ شَدِيدٍ 14.2. Ҳамон Худое, ки он чи дар осмонҳо ва он чи дар замин аст, аз они Ӯст. Вой бар кофирон аз азоби сахт! الَّذِينَ يَسْتَحِبُّونَ الْحَيَاةَ الدُّنْيَا عَلَى الآخِرَةِ وَيَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ اللّهِ وَيَبْغُونَهَا عِوَجًا أُوْلَـئِكَ فِي ضَلاَلٍ بَعِيدٍ 14.3. Онон, ки зиндагии дунёро аз охират беҳтар медонанд ва (мардумро) аз роҳи Худо бозмедоранд ва мехоҳанд роҳи ҳақро каҷ нишон диҳанд. Онҳо дар гумроҳии дуре ҳастанд. وَمَا أَرْسَلْنَا مِن رَّسُولٍ إِلاَّ بِلِسَانِ قَوْمِهِ لِيُبَيِّنَ لَهُمْ فَيُضِلُّ اللّهُ مَن يَشَاء وَيَهْدِي مَن يَشَاء وَهُوَ الْعَزِيزُ الْحَكِيمُ 14.4. Мо ҳеҷ пайғамбареро, ҷуз ба забони қавмаш нафиристодем, то (ҳақоиқро) барои онҳо ошкор созад, сипас Худо ҳар касро бихоҳад, гумроҳ ва ҳар касро бихоҳад, ҳидоят мекунад. Ва Ӯ тавоно ва ҳаким аст. وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا مُوسَى بِآيَاتِنَا أَنْ أَخْرِجْ قَوْمَكَ مِنَ الظُّلُمَاتِ إِلَى النُّورِ وَذَكِّرْهُمْ بِأَيَّامِ اللّهِ إِنَّ فِي ذَلِكَ لآيَاتٍ لِّكُلِّ صَبَّارٍ شَكُورٍ 14.5. Мо Мӯсоро бо оятҳои худ фиристодем. (Ва дастур додем:) Қавматро аз торикиҳо ба нур берун ор! Ва рӯзҳои Худоро ба онон ёдоварӣ кун. Дар ин, нишонаҳое аст барои ҳар сабркунандаи шукргузор. وَإِذْ قَالَ مُوسَى لِقَوْمِهِ اذْكُرُواْ نِعْمَةَ اللّهِ عَلَيْكُمْ إِذْ أَنجَاكُم مِّنْ آلِ فِرْعَوْنَ يَسُومُونَكُمْ سُوءَ الْعَذَابِ وَيُذَبِّحُونَ أَبْنَاءكُمْ وَيَسْتَحْيُونَ نِسَاءكُمْ وَفِي ذَلِكُم بَلاء مِّن رَّبِّكُمْ عَظِيمٌ 14.6. Ва (ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Мӯсо ба қавмаш гуфт: «Неъмати Худоро ба ёд дошта бошед, замоне, ки шуморо аз (чанголи) Фиръавниён раҳоӣ бахшид. Ҳамонҳо, ки шуморо ба бадтарин шева азоб мекарданд, писаронатонро сар мебуриданд ва занонатонро (барои хидматкорӣ) зинда мегузоштанд. Ва дар ин, имтиҳони бузурге аз тарафи Парвардигоратон барои шумо буд!». وَإِذْ تَأَذَّنَ رَبُّكُمْ لَئِن شَكَرْتُمْ لأَزِيدَنَّكُمْ وَلَئِن كَفَرْتُمْ إِنَّ عَذَابِي لَشَدِيدٌ 14.7. Ва (ба хотир биёваред) ҳангомеро, ки Парвардигоратон эълом дошт: «Агар шукргузорӣ кунед, неъмататонро зиёд мекунам ва агар носипосӣ кунед, азоб додани ман сахт аст!». وَقَالَ مُوسَى إِن تَكْفُرُواْ أَنتُمْ وَمَن فِي الأَرْضِ جَمِيعًا فَإِنَّ اللّهَ لَغَنِيٌّ حَمِيدٌ 14.8. Ва Мӯсо гуфт: «Агар шумо бо ҳамаи мардуми рӯи замин кофир шавед, (ба Худо зиёне намерасад), Худованд бениёзи сутуда аст». أَلَمْ يَأْتِكُمْ نَبَأُ الَّذِينَ مِن قَبْلِكُمْ قَوْمِ نُوحٍ وَعَادٍ وَثَمُودَ وَالَّذِينَ مِن بَعْدِهِمْ لاَ يَعْلَمُهُمْ إِلاَّ اللّهُ جَاءتْهُمْ رُسُلُهُم بِالْبَيِّنَاتِ فَرَدُّواْ أَيْدِيَهُمْ فِي أَفْوَاهِهِمْ وَقَالُواْ إِنَّا كَفَرْنَا بِمَا أُرْسِلْتُم بِهِ وَإِنَّا لَفِي شَكٍّ مِّمَّا تَدْعُونَنَا إِلَيْهِ مُرِيبٍ 14.9. Оё хабари касоне, ки пеш аз шумо буданд, «Қавми Нӯҳ» ва «Од» ва «Самуд» ва касоне, ки пас аз онон буданд, - ки ҷуз Худованд ононро намешиносад – ба шумо нарасид?! Пайғамбаронашон далелҳои равшан барои онон оварданд, вале онҳо ангушт бар даҳон гирифтанд ва гуфтанд: «Мо ба он чи шумо овардаед, бовар надорем ва ба даъвати шумо шак дорем». قَالَتْ رُسُلُهُمْ أَفِي اللّهِ شَكٌّ فَاطِرِ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ يَدْعُوكُمْ لِيَغْفِرَ لَكُم مِّن ذُنُوبِكُمْ وَيُؤَخِّرَكُمْ إِلَى أَجَلٍ مُّسَـمًّى قَالُواْ إِنْ أَنتُمْ إِلاَّ بَشَرٌ مِّثْلُنَا تُرِيدُونَ أَن تَصُدُّونَا عَمَّا كَانَ يَعْبُدُ آبَآؤُنَا فَأْتُونَا بِسُلْطَانٍ مُّبِينٍ 14.10. Расулони онҳо гуфтанд: «Оё дар вуҷуди Худо шак аст?! Худое, ки осмонҳо ва заминро офаридааст, Ӯ шуморо даъват мекунад, то баъзе аз гуноҳонатонро бибахшад ва то замони муайян шуморо боқӣ гузорад». Онҳо гуфтанд: «Шумо монанди мо инсон ҳастед, мехоҳед моро аз он чи падаронамон мепарастиданд, боздоред. Шумо мӯъҷизаи равшане барои мо биёваред». 1 2 3 4 5
|