|
Сураи Раъд Ин сура дар Макка нозил шуда ва 43 оят дорад. Дар ин сафҳа: оятҳои 1 ̵ 10 بسم الله الرحمن الرحيم Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар المر تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ وَالَّذِيَ أُنزِلَ إِلَيْكَ مِن رَّبِّكَ الْحَقُّ وَلَـكِنَّ أَكْثَرَ النَّاسِ لاَ يُؤْمِنُونَ 13.1. Алиф, Лом, Мим, Ро. Инҳо оятҳои китоб аст. Ва он чи аз тарафи Парвардигорат бар ту нозил шуда, ҳақ аст, вале бештари мардум имон намеоваранд. اللّهُ الَّذِي رَفَعَ السَّمَاوَاتِ بِغَيْرِ عَمَدٍ تَرَوْنَهَا ثُمَّ اسْتَوَى عَلَى الْعَرْشِ وَسَخَّرَ الشَّمْسَ وَالْقَمَرَ كُلٌّ يَجْرِي لأَجَلٍ مُّسَمًّى يُدَبِّرُ الأَمْرَ يُفَصِّلُ الآيَاتِ لَعَلَّكُم بِلِقَاء رَبِّكُمْ تُوقِنُونَ 13.2. Худо зотест, ки бе ҳеҷ сутуне, ки барои шумо диданӣ бошад, осмонҳоро барафрошт, сипас бар арш истело ёфт. Ва худршед ва моҳро тасхир кард, ки ҳар кадом то замони муайяне ҳаракат мекунанд ва Ӯ (ҳамаи) корҳоро тидбир, оятҳоро баён менамояд, шояд ба дидори Парвардигоратон бовар кунед. وَهُوَ الَّذِي مَدَّ الأَرْضَ وَجَعَلَ فِيهَا رَوَاسِيَ وَأَنْهَارًا وَمِن كُلِّ الثَّمَرَاتِ جَعَلَ فِيهَا زَوْجَيْنِ اثْنَيْنِ يُغْشِي اللَّيْلَ النَّهَارَ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ 13.3. Ва Ӯ зотест, ки заминро густаронд ва дар он кӯҳҳо ва дарёҳоро ва дар он аз тамоми меваҳо ҷуфтҳояшонро офарид. (Пардаи сиёҳи) шабро бар рӯз мепӯшонад, дар инҳо оятҳое аст барои гурӯҳе, ки фикр мекунанд. وَفِي الأَرْضِ قِطَعٌ مُّتَجَاوِرَاتٌ وَجَنَّاتٌ مِّنْ أَعْنَابٍ وَزَرْعٌ وَنَخِيلٌ صِنْوَانٌ وَغَيْرُ صِنْوَانٍ يُسْقَى بِمَاء وَاحِدٍ وَنُفَضِّلُ بَعْضَهَا عَلَى بَعْضٍ فِي الأُكُلِ إِنَّ فِي ذَلِكَ لَآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يَعْقِلُونَ 13.4. Ва дар рӯи замин, қитъаҳое ба ҳам пайваста ва боғҳое аз ангур, киштзор ва нахлҳо офаридаем, ки ҳамреша ва ноҳамрешаанд ва аз як об сероб мешаванд! Ва бо ин ҳол баъзе аз онҳоро аз ҷиҳати мева, бар дигарӣ бартарӣ медиҳем, дар инҳо нишонаҳое аст барои гурӯҳе, ки ақли худро ба кор мегиранд. وَإِن تَعْجَبْ فَعَجَبٌ قَوْلُهُمْ أَئِذَا كُنَّا تُرَابًا أَئِنَّا لَفِي خَلْقٍ جَدِيدٍ أُوْلَـئِكَ الَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِمْ وَأُوْلَئِكَ الأَغْلاَلُ فِي أَعْنَاقِهِمْ وَأُوْلَـئِكَ أَصْحَابُ النَّارِ هُمْ فِيهَا خَالِدونَ 13.5. Ва агар тааҷҷуб мекунӣ, гуфтори онҳо аҷибтар аст, ки мегӯянд: «Оё ҳангоме, ки мо хок шудем, бори дигар зинда мешавем?!». Инҳо ҳастанд, ки ба Парвардигорашон кофир шуданд ва инҳо ҳастанд, ки ғул ва занҷирҳо дар гарданашон аст ва онҳо аҳли дӯзаханд ва ҷовидона дар он хоҳанд монд. وَيَسْتَعْجِلُونَكَ بِالسَّيِّئَةِ قَبْلَ الْحَسَنَةِ وَقَدْ خَلَتْ مِن قَبْلِهِمُ الْمَثُلاَتُ وَإِنَّ رَبَّكَ لَذُو مَغْفِرَةٍ لِّلنَّاسِ عَلَى ظُلْمِهِمْ وَإِنَّ رَبَّكَ لَشَدِيدُ الْعِقَابِ 13.6. Онҳо пеш аз осоиш, бо шитоб аз ту дархости азоб мекунанд, бо ин ки пеш аз онҳо балоҳои ибратангез нозил шудааст. Ва Парвардигори ту нисбат ба мардум – бо ин ки зулм мекунанд – омурзанда аст. Ва (дар айни ҳол), Парвардигорат дорои азоби шадид аст! وَيَقُولُ الَّذِينَ كَفَرُواْ لَوْلآ أُنزِلَ عَلَيْهِ آيَةٌ مِّن رَّبِّهِ إِنَّمَا أَنتَ مُنذِرٌ وَلِكُلِّ قَوْمٍ هَادٍ 13.7. Кофирон мегӯянд: «Чаро мӯъҷизае аз Парвардигораш бар ӯ нозил нашудааст?!». Ту фақат бимдиҳандаӣ! Ва ҳар гурӯҳе ҳидояткунандае дорад. اللّهُ يَعْلَمُ مَا تَحْمِلُ كُلُّ أُنثَى وَمَا تَغِيضُ الأَرْحَامُ وَمَا تَزْدَادُ وَكُلُّ شَيْءٍ عِندَهُ بِمِقْدَارٍ 13.8. Худо ҳар модае, чӣ ҳамл мекунад ва низ аз он чи шикамҳо пеш аз вақти муқаррар мезоянд ва ҳам аз он чи баъд аз вақти муқаррар мезоянд, огоҳ аст. Ва ҳар чиз назди Ӯ миқдори муайян дорад. عَالِمُ الْغَيْبِ وَالشَّهَادَةِ الْكَبِيرُ الْمُتَعَالِ 13.9. Ӯ аз ғайб ва ҳозир огоҳ ва бузурги баландмақом аст. سَوَاء مِّنكُم مَّنْ أَسَرَّ الْقَوْلَ وَمَن جَهَرَ بِهِ وَمَنْ هُوَ مُسْتَخْفٍ بِاللَّيْلِ وَسَارِبٌ بِالنَّهَارِ 13.10. Барои Ӯ яксон аст касоне аз шумо, ки пинҳонӣ сухан бигӯянд ё онро ошкор созанд ва касоне, ки шабонгоҳ пинҳонӣ ҳаракат кунанд, ё дар равшаноии рӯз. 1 2 3 4
|