|
Сураи Юсуф Ин сура дар Макка нозил шуда ва 111 оят дорад. Дар ин сафҳа: оятҳои 1 ̵ 10 بسم الله الرحمن الرحيم Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар الر تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ الْمُبِينِ 12.1. Алиф, Лом, Ро. Он оятҳои китоби ошкор аст. إِنَّا أَنزَلْنَاهُ قُرْآنًا عَرَبِيًّا لَّعَلَّكُمْ تَعْقِلُونَ 12.2. Мо Қуръоне арабӣ нозил кардем, шояд шумо дарк кунед (ва андеша намоед). نَحْنُ نَقُصُّ عَلَيْكَ أَحْسَنَ الْقَصَصِ بِمَا أَوْحَيْنَا إِلَيْكَ هَـذَا الْقُرْآنَ وَإِن كُنتَ مِن قَبْلِهِ لَمِنَ الْغَافِلِينَ 12.3. Мо беҳтарин саргузаштҳоро аз тариқи ин Қуръон, - ки ба ту ваҳй кардем – ба ту нақл мекунем ва ҳатман пеш аз ин, аз он хабар надоштӣ. إِذْ قَالَ يُوسُفُ لِأَبِيهِ يَا أَبتِ إِنِّي رَأَيْتُ أَحَدَ عَشَرَ كَوْكَبًا وَالشَّمْسَ وَالْقَمَرَ رَأَيْتُهُمْ لِي سَاجِدِينَ 12.4. (Ба хотир биёвар) ҳангомеро, ки Юсуф ба падараш гуфт: «Падарҷон! Ман дар хоб дидам, ки ёздаҳ ситора ва хуршеду моҳ дар баробарам саҷда мекунанд». قَالَ يَا بُنَيَّ لاَ تَقْصُصْ رُؤْيَاكَ عَلَى إِخْوَتِكَ فَيَكِيدُواْ لَكَ كَيْدًا إِنَّ الشَّيْطَانَ لِلإِنسَانِ عَدُوٌّ مُّبِينٌ 12.5. Гуфт: «Фарзандам! Хоби худро ба бародаронат нақл макун, ки барои ту нақша (-и хатарноке) мекашанд, чаро, ки шайтон душмани ошкори инсон аст. وَكَذَلِكَ يَجْتَبِيكَ رَبُّكَ وَيُعَلِّمُكَ مِن تَأْوِيلِ الأَحَادِيثِ وَيُتِمُّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكَ وَعَلَى آلِ يَعْقُوبَ كَمَا أَتَمَّهَا عَلَى أَبَوَيْكَ مِن قَبْلُ إِبْرَاهِيمَ وَإِسْحَقَ إِنَّ رَبَّكَ عَلِيمٌ حَكِيمٌ 12.6. Ва ҳамчунин Парвардигорат туро баргузида мекунад ва таъбири хобҳоро ба ту меомӯзад ва неъматашро бар ту ва бар хонадони Яъқуб комил мекунад, ҳамон гуна, ки пеш аз ин, бар падаронат Иброҳим ва Исҳоқ комил кард. Ба яқин, Парвардигори ту донои ҳаким аст». لَّقَدْ كَانَ فِي يُوسُفَ وَإِخْوَتِهِ آيَاتٌ لِّلسَّائِلِينَ 12.7. Дар (достони) Юсуф ва бародаронаш оят ва ибратҳо аст барои саволкунандагон. إِذْ قَالُواْ لَيُوسُفُ وَأَخُوهُ أَحَبُّ إِلَى أَبِينَا مِنَّا وَنَحْنُ عُصْبَةٌ إِنَّ أَبَانَا لَفِي ضَلاَلٍ مُّبِينٍ 12.8. Ҳангоме, ки (бародарон) гуфтанд: «Юсуф ва бародараш назди падар, аз мо маҳбубтаранд, дар ҳоле, ки мо гурӯҳи нерӯманде ҳастем. Ҳатман падари мо дар гумроҳии ошкоре аст. اقْتُلُواْ يُوسُفَ أَوِ اطْرَحُوهُ أَرْضًا يَخْلُ لَكُمْ وَجْهُ أَبِيكُمْ وَتَكُونُواْ مِن بَعْدِهِ قَوْمًا صَالِحِينَ 12.9. Юсуфро бикушед, ё ӯро ба сарзамини дурдаст бияфканед, то падар фақат ба шумо такя кунад. Ва баъд аз он, инсонҳои солеҳ хоҳед буд. قَالَ قَآئِلٌ مَّنْهُمْ لاَ تَقْتُلُواْ يُوسُفَ وَأَلْقُوهُ فِي غَيَابَةِ الْجُبِّ يَلْتَقِطْهُ بَعْضُ السَّيَّارَةِ إِن كُنتُمْ فَاعِلِينَ 12.10. Яке аз онҳо гуфт: «Юсуфро накушед. Ва агар мехоҳед коре анҷом диҳед, ӯро дар дохили чоҳ бияфканед, то корвонҳо ӯро баргиранд». 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11
|