• Аслӣ
  • Минбари озод
  • Хадамоти веб сайт

Муҳтавои пойгоҳ

  • Сафҳаи аслӣ
  • Матн
  • Тарҷума
  • Тафсир
  • Тиловат
  • Мақолот





 
 

Сураи Ҳуд (1) PDF Print E-mail
Written by Administrator   
Saturday, 09 May 2009 19:04

Сураи Ҳуд

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 123 оят дорад.

Дар ин сафҳа: оятҳои 1 ̵ 10

بسم الله الرحمن الرحيم

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

الَر كِتَابٌ أُحْكِمَتْ آيَاتُهُ ثُمَّ فُصِّلَتْ مِن لَّدُنْ حَكِيمٍ خَبِيرٍ

11.1. Алиф, Лом, Ро. Ин китобест, ки оятҳояш устувор аст. Сипас аз тарафи Худованди ҳакими огоҳ шарҳ дода шудааст.


أَلاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ اللّهَ إِنَّنِي لَكُم مِّنْهُ نَذِيرٌ وَبَشِيرٌ

11.2. Ҷуз «Аллоҳ»-ро напарастед. Ман аз сӯи Ӯ барои шумо ҳушдордиҳанда ва башоратдиҳандаам.


وَأَنِ اسْتَغْفِرُواْ رَبَّكُمْ ثُمَّ تُوبُواْ إِلَيْهِ يُمَتِّعْكُم مَّتَاعًا حَسَنًا إِلَى أَجَلٍ مُّسَمًّى وَيُؤْتِ كُلَّ ذِي فَضْلٍ فَضْلَهُ وَإِن تَوَلَّوْاْ فَإِنِّيَ أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ كَبِيرٍ

11.3. Ва ин ки: аз Парвардигори худ омурзиш биталабед, сипас ба сӯи Ӯ рӯй оваред, то шуморо аз баҳраҳои худ ва ҳалол, то муддати маълум баҳраманд созад ва ба ҳар соҳиби фазилате ба миқдори фазилаташ бибахшад. Ва агар рӯйгардон шавед, ман бар шумо аз азоби рӯзи бузург хавфнокам!


إِلَى اللّهِ مَرْجِعُكُمْ وَهُوَ عَلَى كُلِّ شَيْءٍ قَدِيرٌ

11.4. (Бидонед), бозгашти шумо ба сӯи «Аллоҳ» аст ва Ӯ бар ҳар чиз тавоност.


أَلا إِنَّهُمْ يَثْنُونَ صُدُورَهُمْ لِيَسْتَخْفُواْ مِنْهُ أَلا حِينَ يَسْتَغْشُونَ ثِيَابَهُمْ يَعْلَمُ مَا يُسِرُّونَ وَمَا يُعْلِنُونَ إِنَّهُ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ

11.5. Огоҳ бошед, онҳо синаҳояшонро дар канори ҳам қарор медиҳанд, то худ ро аз ӯ пинҳон доранд. Огоҳ бошед, онгоҳ, ки онҳо либосҳояшонро ба худ мепечанд ва худро дар он пинҳон мекунанд, (Худованд) медонад он чиро пинҳон мекунанд ва он чиро ошкор месозанд, зеро Ӯ аз асрори даруни синаҳо огоҳ аст.


وَمَا مِن دَآبَّةٍ فِي الأَرْضِ إِلاَّ عَلَى اللّهِ رِزْقُهَا وَيَعْلَمُ مُسْتَقَرَّهَا وَمُسْتَوْدَعَهَا كُلٌّ فِي كِتَابٍ مُّبِينٍ

11.6. Ҳеҷ ҷунбандае дар замин нест, магар ин ки рӯзии ӯ бар ӯҳдаи Худост. Ӯ қароргоҳ ва маҳалли нақл ва интиқолашро медонад, ҳамаи инҳо дар китоби ошкор сабт аст.


وَهُوَ الَّذِي خَلَق السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ وَكَانَ عَرْشُهُ عَلَى الْمَاء لِيَبْلُوَكُمْ أَيُّكُمْ أَحْسَنُ عَمَلاً وَلَئِن قُلْتَ إِنَّكُم مَّبْعُوثُونَ مِن بَعْدِ الْمَوْتِ لَيَقُولَنَّ الَّذِينَ كَفَرُواْ إِنْ هَـذَا إِلاَّ سِحْرٌ مُّبِينٌ

11.7. Ӯ касест, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид. Ва тахти Ӯ, бар об қарор дошт, то шуморо имтиҳон намояд, ки кадом як амалатон беҳтар аст. Ва агар бигӯӣ: «Шумо баъд аз марг дубора зинда мешавед», кофирон мегӯянд: «ин сеҳри ошкоре аст!».


وَلَئِنْ أَخَّرْنَا عَنْهُمُ الْعَذَابَ إِلَى أُمَّةٍ مَّعْدُودَةٍ لَّيَقُولُنَّ مَا يَحْبِسُهُ أَلاَ يَوْمَ يَأْتِيهِمْ لَيْسَ مَصْرُوفًا عَنْهُمْ وَحَاقَ بِهِم مَّا كَانُواْ بِهِ يَسْتَهْزِؤُونَ

11.8. Ва агар муҷозотро то замони муайяне аз онҳо ба таъхир андозем, мегӯянд: «Чӣ чиз монеи он шудааст?!». Огоҳ бошед, он рӯз, ки (азоб) ба суроғашон ояд, аз онҳо бозгардонида нахоҳад шуд. Ва он чиро масхара мекарданд, доманашонро хоҳад гирифт.


وَلَئِنْ أَذَقْنَا الإِنْسَانَ مِنَّا رَحْمَةً ثُمَّ نَزَعْنَاهَا مِنْهُ إِنَّهُ لَيَئُوسٌ كَفُورٌ

11.9. Ва агар аз ҷониби худ неъмате ба инсон бичашонем, сипас онро аз ӯ бигирем, бисёр ноумед ва носипос мешавад.


وَلَئِنْ أَذَقْنَاهُ نَعْمَاء بَعْدَ ضَرَّاء مَسَّتْهُ لَيَقُولَنَّ ذَهَبَ السَّيِّئَاتُ عَنِّي إِنَّهُ لَفَرِحٌ فَخُورٌ

11.10. Ва агар баъд аз сахтӣ ва ранҷе, ки ба ӯ расидааст, неъматҳое ба ӯ бичашонем, мегӯяд: «Мушкилот аз ман бартараф шуд ва дигар боз нахоҳад гашт!». Ва ғарқи шоди ва ғафлат ва фахрфурӯшӣ мешавад.


1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11   12   13

Last Updated on Saturday, 09 May 2009 19:22
 
 

Хонданиҳо

  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya

Таблиғот