• Аслӣ
  • Минбари озод
  • Хадамоти веб сайт

Муҳтавои пойгоҳ

  • Сафҳаи аслӣ
  • Матн
  • Тарҷума
  • Тафсир
  • Тиловат
  • Мақолот





 
 

Сураи Юнус (1) PDF Print E-mail
Written by Administrator   
Saturday, 09 May 2009 18:46

Сураи Юнус

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 109 оят дорад.

Дар ин сафҳа: оятҳои 1 ̵ 10

بِسْمِ اللهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

الر تِلْكَ آيَاتُ الْكِتَابِ الْحَكِيمِ

10.1. Алиф, Лом, Ро. Ин оятҳои китоби ҳикматомез аст.


أَكَانَ لِلنَّاسِ عَجَبًا أَنْ أَوْحَيْنَا إِلَى رَجُلٍ مِّنْهُمْ أَنْ أَنذِرِ النَّاسَ وَبَشِّرِ الَّذِينَ آمَنُواْ أَنَّ لَهُمْ قَدَمَ صِدْقٍ عِندَ رَبِّهِمْ قَالَ الْكَافِرُونَ إِنَّ هَـذَا لَسَاحِرٌ مُّبِينٌ

10.2. Оё барои мардум ҳайратангез аст, ки ба марде аз худашон ваҳй фирисодем, ки: «мардумро (аз оқибати гуноҳ) битарсон ва мӯъминонро башорат деҳ, ки собиқаи нек назди Парвардигорашон доранд?!». (Аммо) кофирон гуфтанд: «Ин мард ошкоро ҷодугар аст!».


إِنَّ رَبَّكُمُ اللّهُ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ فِي سِتَّةِ أَيَّامٍ ثُمَّ اسْتَوَى عَلَى الْعَرْشِ يُدَبِّرُ الأَمْرَ مَا مِن شَفِيعٍ إِلاَّ مِن بَعْدِ إِذْنِهِ ذَلِكُمُ اللّهُ رَبُّكُمْ فَاعْبُدُوهُ أَفَلاَ تَذَكَّرُونَ

10.3. Парвардигори шумо, Худовандест, ки осмонҳо ва заминро дар шаш рӯз офарид, сипас бар тахт қарор гирифт ва ба тадбири кор пардохт. Бе иҷозати Ӯ шафоаткунандае нест, ин аст Худованд, Парвардигори шумо! Пас Ӯро парастиш кунед. Оё наметавонед пандпазир бошед?!


إِلَيْهِ مَرْجِعُكُمْ جَمِيعًا وَعْدَ اللّهِ حَقًّا إِنَّهُ يَبْدَأُ الْخَلْقَ ثُمَّ يُعِيدُهُ لِيَجْزِيَ الَّذِينَ آمَنُواْ وَعَمِلُواْ الصَّالِحَاتِ بِالْقِسْطِ وَالَّذِينَ كَفَرُواْ لَهُمْ شَرَابٌ مِّنْ حَمِيمٍ وَعَذَابٌ أَلِيمٌ بِمَا كَانُواْ يَكْفُرُونَ

10.4. Бозгашти ҳамаи шумо ба сӯи Ӯст. Ваъдаи Худованд ҳақ аст, Ӯст, ки офаринишро оғоз мекунад, сипас онро бозмегардонад, то касонеро, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, ба адолат ҷазо диҳад ва барои касоне, ки кофир шуданд, нӯшиданӣ аз гудохтаҳо аст ва ба хотири он ки кофир шуданд, азоби дарднок аст!


هُوَ الَّذِي جَعَلَ الشَّمْسَ ضِيَاء وَالْقَمَرَ نُورًا وَقَدَّرَهُ مَنَازِلَ لِتَعْلَمُواْ عَدَدَ السِّنِينَ وَالْحِسَابَ مَا خَلَقَ اللّهُ ذَلِكَ إِلاَّ بِالْحَقِّ يُفَصِّلُ الآيَاتِ لِقَوْمٍ يَعْلَمُونَ

10.5. Ӯ касест, ки хуршедро дурахшон ва моҳро тобон кард ва барои он манзилгоҳҳо муайян кард, то солшуморӣ ва ҳисобро бидонед. Худованд инро ҷуз ба ростӣ наофаридааст. Ӯ оёти (худро) барои гурӯҳе, ки аҳли донишанд, баён мекунад.


إِنَّ فِي اخْتِلاَفِ اللَّيْلِ وَالنَّهَارِ وَمَا خَلَقَ اللّهُ فِي السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضِ لآيَاتٍ لِّقَوْمٍ يَتَّقُونَ

10.6. Ҳатман дар рафтуомади шаб ва рӯз ва он чи Худованд дар осмонҳо ва замин офаридааст, оёт (ва нишонаҳое) аст барои гурӯҳе, ки парҳезгоранд.


إَنَّ الَّذِينَ لاَ يَرْجُونَ لِقَاءنَا وَرَضُواْ بِالْحَياةِ الدُّنْيَا وَاطْمَأَنُّواْ بِهَا وَالَّذِينَ هُمْ عَنْ آيَاتِنَا غَافِلُونَ

10.7. Онон, ки имон ба дидори мо надоранд ва ба ҳама хушнудӣ ва оромиши дили онҳо зиндагии ин дунёст ва онҳо, ки аз оёти мо ғофиланд,


أُوْلَـئِكَ مَأْوَاهُمُ النُّارُ بِمَا كَانُواْ يَكْسِبُونَ

10.8. (Ҳамаи) онҳо ҷойгоҳашон оташ аст, ба хотири корҳое, ки анҷом медоданд.


إِنَّ الَّذِينَ آمَنُواْ وَعَمِلُواْ الصَّالِحَاتِ يَهْدِيهِمْ رَبُّهُمْ بِإِيمَانِهِمْ تَجْرِي مِن تَحْتِهِمُ الأَنْهَارُ فِي جَنَّاتِ النَّعِيمِ

10.9. (Вале) касоне, ки имон оварданд ва корҳои шоиста анҷом доданд, Парвардигорашон онҳоро дар партави имонашон ҳидоят мекунад. Аз зери (қасрҳои) онҳо дар боғҳои биҳишт, наҳрҳо ҷорӣ аст.


دَعْوَاهُمْ فِيهَا سُبْحَانَكَ اللَّهُمَّ وَتَحِيَّتُهُمْ فِيهَا سَلاَمٌ وَآخِرُ دَعْوَاهُمْ أَنِ الْحَمْدُ لِلّهِ رَبِّ الْعَالَمِينَ

10.10. Дуои онҳо дар биҳишт ин аст, ки (мегӯянд): «Парвардигоро, покӣ ту!». Ва дуруди онҳо дар он ҷо: «Салом» ва суханонашонро бо гуфтани: «Сипос ба Худо, ки Парвардигори оламиён аст», тамом мекунанд.


1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11

Last Updated on Saturday, 09 May 2009 19:01
 
 

Хонданиҳо

  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya

Таблиғот