|
Сураи Тавба Ин сура дар Мадина нозил шуда ва дорои 129 оят аст. Дар ин сафҳа: оятҳои 1 ̵ 10 بَرَاءةٌ مِّنَ اللّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى الَّذِينَ عَاهَدتُّم مِّنَ الْمُشْرِكِينَ 9.1. (Ин эъломи) безорӣ аз сӯи Худо ва Пайғамбари Ӯ ба касоне аз мушрикон аст, ки бо онҳо аҳд бастаед! فَسِيحُواْ فِي الأَرْضِ أَرْبَعَةَ أَشْهُرٍ وَاعْلَمُواْ أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللّهِ وَأَنَّ اللّهَ مُخْزِي الْكَافِرِينَ 9.2. Бо ин ҳол чаҳор моҳ дар замин сайр кунед. Ва бидонед шумо наметавонед Худоро нотавон созед (ва аз қудрати Ӯ гурезед. Ва бидонед) Худованд хоркунандаи кофирон аст. وَأَذَانٌ مِّنَ اللّهِ وَرَسُولِهِ إِلَى النَّاسِ يَوْمَ الْحَجِّ الأَكْبَرِ أَنَّ اللّهَ بَرِيءٌ مِّنَ الْمُشْرِكِينَ وَرَسُولُهُ فَإِن تُبْتُمْ فَهُوَ خَيْرٌ لَّكُمْ وَإِن تَوَلَّيْتُمْ فَاعْلَمُواْ أَنَّكُمْ غَيْرُ مُعْجِزِي اللّهِ وَبَشِّرِ الَّذِينَ كَفَرُواْ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ 9.3. Ва ин, эъломест аз ноҳияи Худо ва Пайғамбараш ба (умуми) мардум, дар рӯзи Ҳаҷҷи Акбар (рӯзи иди Қурбон), ки: Худованд ва Пайғамбараш аз мушрикон безоранд! Бо ин ҳол агар тавба кунед, барои шумо беҳтар аст ва агар сарпечӣ намоед, бидонед, шумо наметавонед Худоро нотавон созед (ва аз қаламрави қудраташ хориҷ шавед). Ва кофиронро ба муҷозоти дарднок «башорат» деҳ! إِلاَّ الَّذِينَ عَاهَدتُّم مِّنَ الْمُشْرِكِينَ ثُمَّ لَمْ يَنقُصُوكُمْ شَيْئًا وَلَمْ يُظَاهِرُواْ عَلَيْكُمْ أَحَدًا فَأَتِمُّواْ إِلَيْهِمْ عَهْدَهُمْ إِلَى مُدَّتِهِمْ إِنَّ اللّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ 9.4. Магар баъзе аз мушрикон, ки бо онҳо аҳд бастед ва онҳо дар аҳди худ сустӣ накарданд ва касеро бар зидди шумо тақвият нанамуданд, паймони онҳоро то поёни муддаташон мӯҳтарам шуморед, зеро Худованд парҳезгоронро дӯст дорад. فَإِذَا انسَلَخَ الأَشْهُرُ الْحُرُمُ فَاقْتُلُواْ الْمُشْرِكِينَ حَيْثُ وَجَدتُّمُوهُمْ وَخُذُوهُمْ وَاحْصُرُوهُمْ وَاقْعُدُواْ لَهُمْ كُلَّ مَرْصَدٍ فَإِن تَابُواْ وَأَقَامُواْ الصَّلاَةَ وَآتَوُاْ الزَّكَاةَ فَخَلُّواْ سَبِيلَهُمْ إِنَّ اللّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ 9.5. Чун моҳҳои ҳаром поён ёфт, мушриконро ҳар ҷо ёфтед, ба қатл бирасонед ва онҳоро асир ва (пойгоҳашонро) муҳосира кунед. Ва дар ҳар камингоҳ, бар сари роҳи онҳо бинишинед. Ҳар гоҳ тавба кунанд ва намозро барпо доранд ва закотро бипардозанд, онҳоро раҳо созед, зеро Худованд омурзанда ва меҳрубон аст. وَإِنْ أَحَدٌ مِّنَ الْمُشْرِكِينَ اسْتَجَارَكَ فَأَجِرْهُ حَتَّى يَسْمَعَ كَلاَمَ اللّهِ ثُمَّ أَبْلِغْهُ مَأْمَنَهُ ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ قَوْمٌ لاَّ يَعْلَمُونَ 9.6. Ва агар яке аз мушрикон аз ту паноҳандагӣ бихоҳад, ба ӯ паноҳ деҳ, то каломи Худоро бишунавад. Сипас ӯро ба маҳалли амнаш бирасон, зеро онҳо гурӯҳи ноогоҳанд. كَيْفَ يَكُونُ لِلْمُشْرِكِينَ عَهْدٌ عِندَ اللّهِ وَعِندَ رَسُولِهِ إِلاَّ الَّذِينَ عَاهَدتُّمْ عِندَ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ فَمَا اسْتَقَامُواْ لَكُمْ فَاسْتَقِيمُواْ لَهُمْ إِنَّ اللّهَ يُحِبُّ الْمُتَّقِينَ 9.7. Чигуна барои мушрикон паймоне назди Худо ва Расули Ӯ хоҳад буд?! Магар касоне, ки назди Масҷидулҳаром бо онон паймон бастед, то замоне, ки дар баробари шумо вафодор бошанд, шумо низ вафодорӣ кунед, ки Худованд парҳезгоронро дӯст дорад. كَيْفَ وَإِن يَظْهَرُوا عَلَيْكُمْ لاَ يَرْقُبُواْ فِيكُمْ إِلاًّ وَلاَ ذِمَّةً يُرْضُونَكُم بِأَفْوَاهِهِمْ وَتَأْبَى قُلُوبُهُمْ وَأَكْثَرُهُمْ فَاسِقُونَ 9.8. Чигуна барои мушрикон паймоне назди Худо ва Расули Ӯ хоҳад буд?! Магар касоне, ки назди Масҷидулҳаром бо онон паймон бастед, то замоне, ки дар баробари шумо вафодор бошанд, шумо низ вафодорӣ кунед, ки Худованд парҳезгоронро дӯст дорад. اشْتَرَوْاْ بِآيَاتِ اللّهِ ثَمَنًا قَلِيلاً فَصَدُّواْ عَن سَبِيلِهِ إِنَّهُمْ سَاء مَا كَانُواْ يَعْمَلُونَ 9.9. Онҳо оятҳои Худоро ба баҳои каме фурӯхтанд ва (мардумро) аз роҳи Ӯ боздоштанд, онҳо амалҳои бад анҷом медиҳанд! لاَ يَرْقُبُونَ فِي مُؤْمِنٍ إِلاًّ وَلاَ ذِمَّةً وَأُوْلَـئِكَ هُمُ الْمُعْتَدُونَ 9.10. (На танҳо дар бораи шумо), дар бораи ҳеҷ шахси боимоне риояти хешовандӣ ва паймонро намекунанд ва онҳо ҳамон таҷовузкоронанд. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13
|