• Аслӣ
  • Минбари озод
  • Хадамоти веб сайт

Муҳтавои пойгоҳ

  • Сафҳаи аслӣ
  • Матн
  • Тарҷума
  • Тафсир
  • Тиловат
  • Мақолот





 
 

Сураи Анфол (1) PDF Print E-mail
Written by Administrator   
Saturday, 09 May 2009 18:08

Сураи Анфол

Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 75 оят дорад.

Дар ин сафҳа: оятҳои 1 ̵ 10

بِسْمِ اللهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

يَسْأَلُونَكَ عَنِ الأَنفَالِ قُلِ الأَنفَالُ لِلّهِ وَالرَّسُولِ فَاتَّقُواْ اللّهَ وَأَصْلِحُواْ ذَاتَ بِيْنِكُمْ وَأَطِيعُواْ اللّهَ وَرَسُولَهُ إِن كُنتُم مُّؤْمِنِينَ

8.1. Аз ту дар бораи ғаниматҳо савол мекунанд, бигӯ: «Ғаниматҳо махсуси Худо ва Пайғамбар аст, пас, аз Худо битарсед ва робитаҳои дӯстонаатонро хуб анҷом диҳед. Ва Худо ва Пайғамбарашро итоат кунед, агар мӯъмин бошед.


إِنَّمَا الْمُؤْمِنُونَ الَّذِينَ إِذَا ذُكِرَ اللّهُ وَجِلَتْ قُلُوبُهُمْ وَإِذَا تُلِيَتْ عَلَيْهِمْ آيَاتُهُ زَادَتْهُمْ إِيمَانًا وَعَلَى رَبِّهِمْ يَتَوَكَّلُونَ

8.2. Аз ту дар бораи ғаниматҳо савол мекунанд, бигӯ: «Ғаниматҳо махсуси Худо ва Пайғамбар аст, пас, аз Худо битарсед ва робитаҳои дӯстонаатонро хуб анҷом диҳед. Ва Худо ва Пайғамбарашро итоат кунед, агар мӯъмин бошед.


الَّذِينَ يُقِيمُونَ الصَّلاَةَ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنفِقُونَ

8.3. Онҳо, ки намозро барпо медоранд ва аз он чи ба онҳо рӯзӣ додаем, бахшиш мекунанд.


أُوْلَـئِكَ هُمُ الْمُؤْمِنُونَ حَقًّا لَّهُمْ دَرَجَاتٌ عِندَ رَبِّهِمْ وَمَغْفِرَةٌ وَرِزْقٌ كَرِيمٌ

8.4. (Оре), мӯъминони ҳақиқӣ онҳо ҳастанд, барои онон дараҷот (-боло) назди Парвардигорашон аст ва барои онҳо омурзиш ва рӯзии фаровон аст.


كَمَا أَخْرَجَكَ رَبُّكَ مِن بَيْتِكَ بِالْحَقِّ وَإِنَّ فَرِيقاً مِّنَ الْمُؤْمِنِينَ لَكَارِهُونَ

8.5. Ҳамон гуна, ки Худо туро ба ростӣ аз хона (барои ҷиҳод) берун фиристод, дар ҳоле, ки гурӯҳе аз мӯъминон хушнуд набуданд.


يُجَادِلُونَكَ فِي الْحَقِّ بَعْدَمَا تَبَيَّنَ كَأَنَّمَا يُسَاقُونَ إِلَى الْمَوْتِ وَهُمْ يَنظُرُونَ

8.6. Онҳо пас аз равшан шудани ҳақ, боз бо ту баҳс мекарданд, гӯё ба сӯи марге, ки онро бо чашмонашон мебинанд, ронда мешаванд.


وَإِذْ يَعِدُكُمُ اللّهُ إِحْدَى الطَّائِفَتِيْنِ أَنَّهَا لَكُمْ وَتَوَدُّونَ أَنَّ غَيْرَ ذَاتِ الشَّوْكَةِ تَكُونُ لَكُمْ وَيُرِيدُ اللّهُ أَن يُحِقَّ الحَقَّ بِكَلِمَاتِهِ وَيَقْطَعَ دَابِرَ الْكَافِرِينَ

8.7. Ва (ба ёд оваред) ҳангомеро, ки Худованд ба шумо ваъда дод, ки яке аз ду гурӯҳ (корвони тиҷорат ё лашкар), насиби шумо хоҳад буд ва шумо дӯст медоштед, ки корвон насиби шумо бошад, вале Худованд мехоҳад ҳақро бо суханони худ пойдор кунад ва кофиронро решакан намояд.


لِيُحِقَّ الْحَقَّ وَيُبْطِلَ الْبَاطِلَ وَلَوْ كَرِهَ الْمُجْرِمُونَ

8.8. То ҳақро собит кунад ва ботилро аз миён бардорад, ҳар чанд муҷримонро хушоянд набошад.


إِذْ تَسْتَغِيثُونَ رَبَّكُمْ فَاسْتَجَابَ لَكُمْ أَنِّي مُمِدُّكُم بِأَلْفٍ مِّنَ الْمَلآئِكَةِ مُرْدِفِينَ

8.9. (Ба хотир биёваред) замонеро, ки аз Парвардигоратон ёрӣ мехостед ва Ӯ хостаҳои шуморо пазируфт (ва гуфт): Ман шуморо бо як ҳазор фаришта, ки пушти сари ҳам фуруд меоянд, ёрӣ мекунам.


وَمَا جَعَلَهُ اللّهُ إِلاَّ بُشْرَى وَلِتَطْمَئِنَّ بِهِ قُلُوبُكُمْ وَمَا النَّصْرُ إِلاَّ مِنْ عِندِ اللّهِ إِنَّ اللّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ

8.10. Вале Худованд инро танҳо барои шодӣ ва оромиши қалби шумо қарор дод вагарна пирӯзӣ, ҷуз аз тарафи Худо нест, Худованд тавоно ва ҳаким аст.


1   2   3   4   5   6   7   8

Last Updated on Saturday, 09 May 2009 18:17
 
 

Хонданиҳо

  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya

Таблиғот