• Аслӣ
  • Минбари озод
  • Хадамоти веб сайт

Муҳтавои пойгоҳ

  • Сафҳаи аслӣ
  • Матн
  • Тарҷума
  • Тафсир
  • Тиловат
  • Мақолот





 
 

Сураи Аъроф (1) PDF Print E-mail
Written by Administrator   
Tuesday, 05 May 2009 18:20

Сураи Аъроф

Ин сура дар Макка нозил шуда ва 206 оят дорад.

Дар ин сафҳа: оятҳои 1 ̵ 10

بِسْمِ اللهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ

Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар

المص

7.1. Алиф, Лом, Мим, Сод.


كِتَابٌ أُنزِلَ إِلَيْكَ فَلاَ يَكُن فِي صَدْرِكَ حَرَجٌ مِّنْهُ لِتُنذِرَ بِهِ وَذِكْرَى لِلْمُؤْمِنِينَ

7.2. Ин китобест, ки бар ту нозил шуда – пас набояд аз ноҳияи он, нороҳатӣ дар дил дошта бошӣ - то ба василаи он, бим диҳӣ. Ва панд аст, барои мӯъминон.


اتَّبِعُواْ مَا أُنزِلَ إِلَيْكُم مِّن رَّبِّكُمْ وَلاَ تَتَّبِعُواْ مِن دُونِهِ أَوْلِيَاء قَلِيلاً مَّا تَذَكَّرُونَ

7.3. Аз чизе, ки аз тарафи Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед ва ҷуз Ӯ аз дӯстон ва сарварон (-и дигар) пайравӣ накунед. Аммо панд ва насиҳатро хеле кам қабул мекунед.


وَكَم مِّن قَرْيَةٍ أَهْلَكْنَاهَا فَجَاءهَا بَأْسُنَا بَيَاتًا أَوْ هُمْ قَآئِلُونَ

7.4. Чӣ бисёр шаҳрҳо, ки онҳоро ҳалок кардем ва азоби мо шабҳангом ё дар рӯз, ҳангоме, ки истироҳат карда буданд, ба суроғашон омад.


فَمَا كَانَ دَعْوَاهُمْ إِذْ جَاءهُمْ بَأْسُنَا إِلاَّ أَن قَالُواْ إِنَّا كُنَّا ظَالِمِينَ

7.5. Ва дар он ҳангом, ки азоби мо ба суроғи онҳо омад, сухане надоштанд, ҷуз ин ки гуфтанд: «Мо золим будем».


فَلَنَسْأَلَنَّ الَّذِينَ أُرْسِلَ إِلَيْهِمْ وَلَنَسْأَلَنَّ الْمُرْسَلِينَ

7.6. Ҳамоно аз касоне, ки пайғамбарон ба сӯи онҳо омаданд, савол хоҳем кард ва (ҳам) аз худи пайғамбарон савол мекунем.


فَلَنَقُصَّنَّ عَلَيْهِم بِعِلْمٍ وَمَا كُنَّا غَآئِبِينَ

7.7. Ва ҳатман ба онон (кирдорашон мӯ ба мӯ) нақл хоҳем кард, ки огоҳем ва мо ҳаргиз ғоиб набудем.


وَالْوَزْنُ يَوْمَئِذٍ الْحَقُّ فَمَن ثَقُلَتْ مَوَازِينُهُ فَأُوْلَـئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ

7.8. Санҷиши амалҳо дар он рӯз ҳақиқат дорад. Касоне, ки мизонҳои онҳо вазнин аст, растагорон ононанд.


وَمَنْ خَفَّتْ مَوَازِينُهُ فَأُوْلَـئِكَ الَّذِينَ خَسِرُواْ أَنفُسَهُم بِمَا كَانُواْ بِآيَاتِنَا يِظْلِمُونَ

7.9. Ва касоне, ки мизонҳои (амали) онҳо сабук аст, ашхосе ҳастанд, ки сармояи вуҷуди худро ба хотири зулму ситаме, ки нисбат ба оятҳои мо мекарданд, аз даст додаанд.


وَلَقَدْ مَكَّنَّاكُمْ فِي الأَرْضِ وَجَعَلْنَا لَكُمْ فِيهَا مَعَايِشَ قَلِيلاً مَّا تَشْكُرُونَ

7.10. Мо заминро барои шумо маҳалли зиндагонӣ қарор додем ва анвои василаҳои зиндагиро барои шумо фароҳам сохтем, аммо камтар шукр мекунед.


1   2   3   4   5   6   7   8   9   10   11   12   13   14   15   16   17   18   19   20   21

Last Updated on Tuesday, 05 May 2009 18:42
 
 

Хонданиҳо

  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya
  • kemya

Таблиғот