|
Сураи Бақара Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 286 оят дорад. Дар ин сафҳа: оятҳои 1 ̵ 10 بِسْمِ اللهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ الم 2.1. Алиф, Лом, Мим. (Бузург аст Худованде, ки ин китоби азимро аз ҳарфҳои содаи алифбо ба вуҷуд овардааст). ذَلِكَ الْكِتَابُ لاَ رَيْبَ فِيهِ هُدًى لِّلْمُتَّقِينَ 2.2. Он китоби бо азамате аст, ки шак дар он роҳ надорад ва сабаби ҳидояти парҳезгорон аст. الَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِالْغَيْبِ وَيُقِيمُونَ الصَّلاةَ وَمِمَّا رَزَقْنَاهُمْ يُنفِقُونَ 2.3. (Парҳезгорон) касоне ҳастанд, ки ба ғайб (он чи аз ҳис пӯшидаву пинҳон аст) имон меоваранд ва намозро барпо медоранд ва аз тамоми неъматҳо ва бахшишҳо, ки ба онҳо рӯзӣ додаем, ба дигарон медиҳанд. والَّذِينَ يُؤْمِنُونَ بِمَا أُنزِلَ إِلَيْكَ وَمَا أُنزِلَ مِن قَبْلِكَ وَبِالآخِرَةِ هُمْ يُوقِنُونَ 2.4. Ва онон, ки ба он чи бар ту нозил шуда ва он чи пеш аз ту (бар паёмбарони гузашта) нозил гардидааст, имон меоваранд ва ба растохез яқин доранд. أُوْلَـئِكَ عَلَى هُدًى مِّن رَّبِّهِمْ وَأُوْلَـئِكَ هُمُ الْمُفْلِحُونَ 2.5. Ононанд раҳёфтагон ва ононанд растгорон. إِنَّ الَّذِينَ كَفَرُواْ سَوَاءٌ عَلَيْهِمْ أَأَنذَرْتَهُمْ أَمْ لَمْ تُنذِرْهُمْ لاَ يُؤْمِنُونَ 2.6. Касоне, ки кофир шуданд, онҳоро (аз азоби илоҳӣ) битарсонӣ ё натарсонӣ, фарқ намекунад, онҳо ҳеҷ гоҳ имон нахоҳанд овард. خَتَمَ اللّهُ عَلَى قُلُوبِهمْ وَعَلَى سَمْعِهِمْ وَعَلَى أَبْصَارِهِمْ غِشَاوَةٌ وَلَهُمْ عَذَابٌ عظِيمٌ 2.7. Худо бар дилҳо ва гӯшҳои онон мӯҳр ниҳода ва бар чашмонашон парда аст ва азоби бузург дар интизори онҳост. وَمِنَ النَّاسِ مَن يَقُولُ آمَنَّا بِاللّهِ وَبِالْيَوْمِ الآخِرِ وَمَا هُم بِمُؤْمِنِينَ 2.8. Гурӯҳе аз мардум касоне ҳастанд, ки мегӯянд: «Ба Худо ва рӯзи растохез имон овардаем», дар ҳоле ки имон надоранд. يُخَادِعُونَ اللّهَ وَالَّذِينَ آمَنُوا وَمَا يَخْدَعُونَ إِلاَّ أَنفُسَهُم وَمَا يَشْعُرُونَ 2.9. Мехоҳанд Худо ва мӯъминонро фиреб диҳанд, дар ҳоле ки ҷуз худашонро фиреб намедиҳанд, (аммо) намефаҳманд. فِي قُلُوبِهِم مَّرَضٌ فَزَادَهُمُ اللّهُ مَرَضاً وَلَهُم عَذَابٌ أَلِيمٌ بِمَا كَانُوا يَكْذِبُونَ 2.10. Дар дилҳои онҳо як навъ беморие аст, Худованд бар бемории онҳо афзуда ва ба хотири дурӯғҳое, ки мегуфтанд, азоби дардноке дар интизори онҳост. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25 26 27 28 29
|