|
Сураи Анъом Ин сура дар Макка нозил шуда ва 165 оят дорад. Дар ин сафҳа: оятҳои 1-10 بِسْمِ اللهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар الْحَمْدُ لِلّهِ الَّذِي خَلَقَ السَّمَاوَاتِ وَالأَرْضَ وَجَعَلَ الظُّلُمَاتِ وَالنُّورَ ثُمَّ الَّذِينَ كَفَرُواْ بِرَبِّهِم يَعْدِلُونَ 6.1. Ситоиш барои Худовандест, ки осмонҳо ва заминро офарид ва торикиҳо ва нурро падид овард, аммо кофирон барои Парвардигори худ шарик қарор медиҳанд. هُوَ الَّذِي خَلَقَكُم مِّن طِينٍ ثُمَّ قَضَى أَجَلاً وَأَجَلٌ مُّسمًّى عِندَهُ ثُمَّ أَنتُمْ تَمْتَرُونَ 6.2. Ӯ касест, ки шуморо аз гил офарид, сипас замонро муқаррар дошт. Ва аҷали ҳатмӣ назди Ӯст. Бо ин ҳама, шумо шак мекунед. وَهُوَ اللّهُ فِي السَّمَاوَاتِ وَفِي الأَرْضِ يَعْلَمُ سِرَّكُمْ وَجَهرَكُمْ وَيَعْلَمُ مَا تَكْسِبُونَ 6.3. Ӯст Худованд дар осмонҳо ва дар замин, пинҳон ва ошкори шуморо медонад ва аз он чи ба даст меоваред, бохабар аст. وَمَا تَأْتِيهِم مِّنْ آيَةٍ مِّنْ آيَاتِ رَبِّهِمْ إِلاَّ كَانُواْ عَنْهَا مُعْرِضِينَ 6.4. Ҳеҷ ояте аз оятҳои Парвардигорашон барои онон намеояд, магар ин ки аз он рӯйгардон мешаванд. فَقَدْ كَذَّبُواْ بِالْحَقِّ لَمَّا جَاءهُمْ فَسَوْفَ يَأْتِيهِمْ أَنبَاء مَا كَانُواْ بِهِ يَسْتَهْزِؤُونَ 6.5. Онон ҳақро ҳангоме, ки суроғашон омад, инкор карданд, вале ба зудӣ хабари чизе, ки масхара мекарданд, ба онон мерасад. أَلَمْ يَرَوْاْ كَمْ أَهْلَكْنَا مِن قَبْلِهِم مِّن قَرْنٍ مَّكَّنَّاهُمْ فِي الأَرْضِ مَا لَمْ نُمَكِّن لَّكُمْ وَأَرْسَلْنَا السَّمَاء عَلَيْهِم مِّدْرَارًا وَجَعَلْنَا الأَنْهَارَ تَجْرِي مِن تَحْتِهِمْ فَأَهْلَكْنَاهُم بِذُنُوبِهِمْ وَأَنْشَأْنَا مِن بَعْدِهِمْ قَرْنًا آخَرِينَ 6.6. Оё надиданд, чӣ бисёр аз умматҳои пешинро ҳалок кардем, ки ба онҳо имконот ва қудрат дар рӯи замин дода будем, ки ба шумо надодем. Боронҳои пай дар пай барои онҳо фиристодем ва аз зери (ободиҳои) онҳо наҳрҳоро ҷорӣ сохтем. Он гоҳ ононро ба хотири гуноҳонашон нобуд кардем. Ва ҷамъияти дигаре баъд аз онон падид овардем. وَلَوْ نَزَّلْنَا عَلَيْكَ كِتَابًا فِي قِرْطَاسٍ فَلَمَسُوهُ بِأَيْدِيهِمْ لَقَالَ الَّذِينَ كَفَرُواْ إِنْ هَـذَا إِلاَّ سِحْرٌ مُّبِينٌ 6.7. Агар мо номае дар як варақ бар ту нозил мекардем ва онро бо дастҳои худ қабз мекарданд, боз кофирон мегуфтанд: «Ин, чизе ҷуз як сеҳри ошкор нест!». وَقَالُواْ لَوْلا أُنزِلَ عَلَيْهِ مَلَكٌ وَلَوْ أَنزَلْنَا مَلَكًا لَّقُضِيَ الأمْرُ ثُمَّ لاَ يُنظَرُونَ 6.8. (Аз баҳонаҳои онҳо ин буд, ки) гуфтанд: «Чаро фариштае бар ӯ нозил нашудааст, (то) ӯро дар даъвати мардум ба сӯи Худо ҳамроҳӣ кунад?!)». Вале агар фариштае бифиристем, кор тамом мешавад, дигар ба онҳо мӯҳлат дода нахоҳад шуд. وَلَوْ جَعَلْنَاهُ مَلَكًا لَّجَعَلْنَاهُ رَجُلاً وَلَلَبَسْنَا عَلَيْهِم مَّا يَلْبِسُونَ 6.9. Ва агар ӯро фаришта қарор медодем, ҳатман вайро ба сурати инсоне дармеовардем ва корро бар онҳо шубҳанок месохтем, ҳамон тавр, ки онҳо корро бар дигарон шубҳанок месозанд. وَلَقَدِ اسْتُهْزِىءَ بِرُسُلٍ مِّن قَبْلِكَ فَحَاقَ بِالَّذِينَ سَخِرُواْ مِنْهُم مَّا كَانُواْ بِهِ يَسْتَهْزِؤُونَ 6.10. Ҳамоно пайғамбарони пеш аз ту мавриди масхара қарор гирифтанд, аммо саранҷом масхарабозии онҳо домани худашонро гирифт. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17
|