|
Сураи Моида Ин сура дар Мадина нозил шуда ва 120 оят дорад. Дар ин сафҳа: оятҳои 1-10 بِسْمِ اللهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ Ба номи Худованди Бахшандаи Бахшоишгар يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ أَوْفُواْ بِالْعُقُودِ أُحِلَّتْ لَكُم بَهِيمَةُ الأَنْعَامِ إِلاَّ مَا يُتْلَى عَلَيْكُمْ غَيْرَ مُحِلِّي الصَّيْدِ وَأَنتُمْ حُرُمٌ إِنَّ اللّهَ يَحْكُمُ مَا يُرِيدُ 5.1. Эй касоне, ки имон овардаед! Ба паймонҳо (ва қарордодҳо) вафо кунед. Чорпоён ҷуз он чи ҳукмаш бар шумо хонда мешавад, барои шумо ҳалол шудааст. Ва дар ҳангоми эҳром, шикорро ҳалол нашуморед. Худованд ҳар чӣ бихоҳад, ҳукм мекунад. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ لاَ تُحِلُّواْ شَعَآئِرَ اللّهِ وَلاَ الشَّهْرَ الْحَرَامَ وَلاَ الْهَدْيَ وَلاَ الْقَلآئِدَ وَلا آمِّينَ الْبَيْتَ الْحَرَامَ يَبْتَغُونَ فَضْلاً مِّن رَّبِّهِمْ وَرِضْوَانًا وَإِذَا حَلَلْتُمْ فَاصْطَادُواْ وَلاَ يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَآنُ قَوْمٍ أَن صَدُّوكُمْ عَنِ الْمَسْجِدِ الْحَرَامِ أَن تَعْتَدُواْ وَتَعَاوَنُواْ عَلَى الْبرِّ وَالتَّقْوَى وَلاَ تَعَاوَنُواْ عَلَى الإِثْمِ وَالْعُدْوَانِ وَاتَّقُواْ اللّهَ إِنَّ اللّهَ شَدِيدُ الْعِقَابِ 5.2. Эй мӯъминон! Ҳурмати шиорҳо ва ҳудуди илоҳӣ ва моҳи ҳаром ва қурбониҳои бенишон ва нишондор ва онҳоро, ки қасди хонаи Худо кардаанд, ки фазли Парвардигор ва хушнудии Ӯро меҷӯянд, нашиканед. Аммо ҳангоме, ки аз эҳром берун омадед, метавонед шикор кунед. Ва душмании як гурӯҳ, ки шуморо аз омадан ба Масҷидулҳаром боз доштанд, набояд шуморо водор ба зулм ва таҷовуз кунад. Ва (ҳамвора) дар роҳи некӣ ва парҳезгорӣ бо ҳамдигар ҳамкорӣ кунед. Ва (ҳаргиз) дар роҳи гуноҳ ва ситам ҳамкорӣ нанамоед. Ва аз (мухолифати фармони) Худо бипарҳезед, ки муҷозоти Худо сахт аст! حُرِّمَتْ عَلَيْكُمُ الْمَيْتَةُ وَالْدَّمُ وَلَحْمُ الْخِنْزِيرِ وَمَا أُهِلَّ لِغَيْرِ اللّهِ بِهِ وَالْمُنْخَنِقَةُ وَالْمَوْقُوذَةُ وَالْمُتَرَدِّيَةُ وَالنَّطِيحَةُ وَمَا أَكَلَ السَّبُعُ إِلاَّ مَا ذَكَّيْتُمْ وَمَا ذُبِحَ عَلَى النُّصُبِ وَأَن تَسْتَقْسِمُواْ بِالأَزْلاَمِ ذَلِكُمْ فِسْقٌ الْيَوْمَ يَئِسَ الَّذِينَ كَفَرُواْ مِن دِينِكُمْ فَلاَ تَخْشَوْهُمْ وَاخْشَوْنِ الْيَوْمَ أَكْمَلْتُ لَكُمْ دِينَكُمْ وَأَتْمَمْتُ عَلَيْكُمْ نِعْمَتِي وَرَضِيتُ لَكُمُ الإِسْلاَمَ دِينًا فَمَنِ اضْطُرَّ فِي مَخْمَصَةٍ غَيْرَ مُتَجَانِفٍ لِّإِثْمٍ فَإِنَّ اللّهَ غَفُورٌ رَّحِيمٌ 5.3. Гӯшти мурдор ва хун ва гӯшти хук ва ҳайвоноте, ки вақти сар буриданаш номи ғайри Худо бурда шуда ва ҳайвоноти хафашуда ва ба зарб ва задан кушташуда ва аз баландӣ афтода ва ба зарби шох задан мурда ва боқимондаи шикори ҳайвони дарранда – магар он ки онро сар бибуред – ва ҳайвоноте, ки ба хотири бутҳо зибҳ мешаванд ва он ки бо тирҳои фол тақсим мекунед, (ҳама) бар шумо ҳаром шудааст. Тамоми ин аъмол, нофармонӣ аст. – Имрӯз, кофирон аз дини шумо ноумед шуданд, бинобар ин аз онҳо натарсед ва аз ман битарсед! Имрӯз дини шуморо комил кардам ва неъмати худро бар шумо пурра намудам ва Исломро ба унвони оини (ҷовидон) барои шумо пазируфтам. – Пас, ҳар кас агар моил ба гуноҳ набошад, дар ҳоли гуруснагӣ ночор гардад, (ба миқдори ҳифзи ҷонаш метавонад аз гӯшти манъшуда бихӯрад). Худованд омурзанда ва меҳрубон аст. يَسْأَلُونَكَ مَاذَا أُحِلَّ لَهُمْ قُلْ أُحِلَّ لَكُمُ الطَّيِّبَاتُ وَمَا عَلَّمْتُم مِّنَ الْجَوَارِحِ مُكَلِّبِينَ تُعَلِّمُونَهُنَّ مِمَّا عَلَّمَكُمُ اللّهُ فَكُلُواْ مِمَّا أَمْسَكْنَ عَلَيْكُمْ وَاذْكُرُواْ اسْمَ اللّهِ عَلَيْهِ وَاتَّقُواْ اللّهَ إِنَّ اللّهَ سَرِيعُ الْحِسَابِ 5.4. Аз ту савол мекунанд, чӣ чизҳое барои онҳо ҳалол шудааст? Бигӯ: «Он чӣ покиза аст, барои шумо ҳалол гардида ва (низ) он чи аз шикори ҷонварони шикорӣ, дар ҳоле, ки онҳоро барои шикор тарбият мекунед, омӯзиш дода бошед, аз он чи Худованд ба шумо омӯзиш додааст, ба онҳо ёд медодед. Пас, аз он чи ин ҳайвонот барои шумо нигоҳ медоранд, бихӯред ва номи Худоро бар он ёд кунед ва аз Худо бипарҳезед, ки Худованд дар ҳисоб кардан даранг намекунад». الْيَوْمَ أُحِلَّ لَكُمُ الطَّيِّبَاتُ وَطَعَامُ الَّذِينَ أُوتُواْ الْكِتَابَ حِلٌّ لَّكُمْ وَطَعَامُكُمْ حِلُّ لَّهُمْ وَالْمُحْصَنَاتُ مِنَ الْمُؤْمِنَاتِ وَالْمُحْصَنَاتُ مِنَ الَّذِينَ أُوتُواْ الْكِتَابَ مِن قَبْلِكُمْ إِذَا آتَيْتُمُوهُنَّ أُجُورَهُنَّ مُحْصِنِينَ غَيْرَ مُسَافِحِينَ وَلاَ مُتَّخِذِي أَخْدَانٍ وَمَن يَكْفُرْ بِالإِيمَانِ فَقَدْ حَبِطَ عَمَلُهُ وَهُوَ فِي الآخِرَةِ مِنَ الْخَاسِرِينَ 5.5. Имрӯз чизҳои покиза барои шумо ҳалол шуда ва (ҳамчунин) таоми аҳли китоб бар шумо ҳалол шудааст ва таоми шумо бар онҳо ҳалол аст. Ва (низ) занони покдоман аз мусалмонон ва занон покдоман аз аҳли китоб, ҳалоланд, ҳангоме, ки маҳри онҳоро бипардозед ва покдоман бошед, на зинокор ва на дӯсти пинҳонӣ гиранда. Ва касе, ки инкор кунад он чиро бояд ба он имон биёварад, аъмоли ӯ табоҳ мегардад ва дар дунёи дигар аз зиёнкорон хоҳад буд. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ إِذَا قُمْتُمْ إِلَى الصَّلاةِ فاغْسِلُواْ وُجُوهَكُمْ وَأَيْدِيَكُمْ إِلَى الْمَرَافِقِ وَامْسَحُواْ بِرُؤُوسِكُمْ وَأَرْجُلَكُمْ إِلَى الْكَعْبَينِ وَإِن كُنتُمْ جُنُبًا فَاطَّهَّرُواْ وَإِن كُنتُم مَّرْضَى أَوْ عَلَى سَفَرٍ أَوْ جَاء أَحَدٌ مَّنكُم مِّنَ الْغَائِطِ أَوْ لاَمَسْتُمُ النِّسَاء فَلَمْ تَجِدُواْ مَاء فَتَيَمَّمُواْ صَعِيدًا طَيِّبًا فَامْسَحُواْ بِوُجُوهِكُمْ وَأَيْدِيكُم مِّنْهُ مَا يُرِيدُ اللّهُ لِيَجْعَلَ عَلَيْكُم مِّنْ حَرَجٍ وَلَـكِن يُرِيدُ لِيُطَهَّرَكُمْ وَلِيُتِمَّ نِعْمَتَهُ عَلَيْكُمْ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ 5.6. Эй мӯъминон! Ҳангоме, ки ба қасди намоз бархезед, рӯи худ ва дастҳоятонро то оринҷҳо бишӯед ва саратонро масҳ кунед ва поҳоятонро то ду қӯзак (бишӯед). Ва агар ҷунуб бошед, ғусл кунед. Ва агар бемор ё мусофир бошед ё яке аз шумо аз қазои ҳоҷат биёяд ё бо занон алоқаи ҷинсӣ кардаед ва об наёбед, қасди хоки пок кунед. Ва бо он рӯйҳоятон ва дастҳоятонро масҳ кунед. Худованд намехоҳад мушкиле барои шумо эҷод кунад, балки мехоҳад шуморо пок созад ва неъматашро бар шумо комил намояд, шояд шукри Ӯро ба ҷо оваред. وَاذْكُرُواْ نِعْمَةَ اللّهِ عَلَيْكُمْ وَمِيثَاقَهُ الَّذِي وَاثَقَكُم بِهِ إِذْ قُلْتُمْ سَمِعْنَا وَأَطَعْنَا وَاتَّقُواْ اللّهَ إِنَّ اللّهَ عَلِيمٌ بِذَاتِ الصُّدُورِ 5.7. Ва неъмати Худоро бар худ ва паймонеро, ки бо таъкид аз шумо гирифт, ёд кунед, он замон, ки гуфтед: «Шунидем ва итоат кардем». Ва аз Худо бипарҳезед, ки Худо аз розҳои даруни синаҳо огоҳ аст. يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُواْ كُونُواْ قَوَّامِينَ لِلّهِ شُهَدَاء بِالْقِسْطِ وَلاَ يَجْرِمَنَّكُمْ شَنَآنُ قَوْمٍ عَلَى أَلاَّ تَعْدِلُواْ اعْدِلُواْ هُوَ أَقْرَبُ لِلتَّقْوَى وَاتَّقُواْ اللّهَ إِنَّ اللّهَ خَبِيرٌ بِمَا تَعْمَلُونَ 5.8. Эй мӯъминон! Ҳамвора барои Худо қиём кунед ва аз рӯи адолат гувоҳӣ диҳед. Душманӣ бо як гурӯҳ, шуморо ба гуноҳ ва тарки адолат набарад. Адолат кунед, ки ба парҳезгорӣ наздиктар аст. Ва аз Худо бипарҳезед, ки Худованд аз он чи анҷом медиҳед бохабар аст. وَعَدَ اللّهُ الَّذِينَ آمَنُواْ وَعَمِلُواْ الصَّالِحَاتِ لَهُم مَّغْفِرَةٌ وَأَجْرٌ عَظِيمٌ 5.9. Худованд ба онҳо, ки имон оварда ва аъмоли солеҳ анҷом додаанд, ваъдаи омурзиш ва подоши бузург додааст. وَالَّذِينَ كَفَرُواْ وَكَذَّبُواْ بِآيَاتِنَا أُوْلَـئِكَ أَصْحَابُ الْجَحِيمِ 5.10. Ва касоне, ки кофир шуданд ва оятҳои моро инкор карданд, аҳли дӯзаханд. 1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12
|